Дастгоҳи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ·
 

Дастгоҳи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ·

Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назораткунанда ва ҳамоҳангкунандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) мебошад.

Воҳидҳои серсохтории Раёсати АҲШ (шӯъбаҳои Раёсати АҲШ дар минтақаҳои кишвар, серсохторҳои ҳудудӣ – шӯъбаҳо ва бахшҳои САҲШ ва инчунин Хонаҳои ақди никоҳ) дар чорчӯбаи салоҳияти худ асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайд мегиранд, шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳо медиҳанд, сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандиро ислоҳ мекунанд, тағйир медиҳанд, бекор ва барқарор мекунанд.

Мувофиқи Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №503 аз 1 ноябри соли 2006 Раёсати  асноди ҳолати шаҳрвандӣ тобеъи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
003556
Имрӯз : 10
Дирӯз : 28
Дар ин моҳ : 1089
Онлайн : 0
Тамос