Бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ·
 

Бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ·

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?
  • Дилхоҳ шахси инфиродӣ (ба фарзандӣ қабулкунандагон) ва танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Тоҷикистон
  • Мақомоти васоят ва парасторӣ.
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст ?
  1. Аризаи хаттии ба фарзандӣ қабулкунандагон/ба фарзандӣ қабулкунанда ва ё дар асоси хабарномаи хаттии мақомоти васоят ва парасторӣ
  2. Ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонӣ
  3. Нусхаи дутарафаи шиносномаҳои ба фарзандӣ қабулкунандагон/ба фарзандӣ қабулкунанда. Дар сурати доштани намунаи кӯҳнаи шиноснома инчунин пешниҳод кардани нусхаи саҳифаи қайди ҷойи истиқомат зарур аст.
Мӯҳлати муроҷиат ба мақомоти САҲШ барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ чӣ қадар аст ?

Дар давоми як моҳ пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ ба фарзандӣ қабулкунанда бояд ба мақомоти САҲШ муроҷиат кунад.

Маълумоти кӯдак ҳангоми фарзандхондӣ ?
  • Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондишуда нигоҳ дошта мешавад
  • Бо дархости ба фарзандӣ қабулкунанда ба кӯдак насаби ба фарзандӣ қабулкунанда ва инчунин номи аз тарафи ӯ зикршуда дода мешавад. Номи падари кӯдаки фарзандхондишуда аз рӯи номи ба фарзандӣ қабулкунанда, ё аз рӯи номи падари модари (падари) кӯдаки фарзандхондишуда муайян карда мешавад, агар ба фарзандӣ қабулкунанда дар ақди никоҳ қарор дошта набошад.
  • Иваз намудани насаби кӯдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст
  • Дар бораи ивази насаб, ном ва номи падари кӯдак дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ зикр карда мешавад.
Маълумот дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак бо сабаби фарзандхондӣ
  • Дар асоси сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ ба сабти асноди таваллуди кӯдак тағйироти дахлдор дохил карда мешаванд ва сабти аввалияти таваллуд бекор карда мешавад.
  • Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси тағйироти дохилкардашуда ва ё тартиб дода шудани сабти асноди нав бо сабаби фарзандхондӣ шаҳодатномаи нави таваллудро дар муҳлати се рӯз пас аз лаҳзаи муроҷиат медиҳад.
Мӯҳлати пешниҳоди хизматрасонӣ
  • Шаҳодатнома фарзандхондӣ ҳангоми муроҷиат ба мақомоти САҲШ дода мешавад.
РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
003554
Имрӯз : 7
Дирӯз : 28
Дар ин моҳ : 1086
Онлайн : 0
Тамос