Бақайдгирии давлатии вафот ·
 

Бақайдгирии давлатии вафот ·

Кӣ бо ариза муроҷиат карда метавонад ?
  • Ҳамсар, дигар аъзои оилаи шахси фавтида, инчунин шахсе, ки дар вақти вафот кардани шахс ҳузур дошт ва ё дар бораи вафоти шахс хабар дорад
  • Муассисаи тиббӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки шахс ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш фавтида бошад
  • Муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, агар маҳкумшуда ҳангоми адо кардани ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ вафот карда бошад
  • Мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиш, дар сурате ки агар оид ба марги шахс ё оид ба факти марг тафтиш бурда шавад ва шахсияти фавтида муайян нашуда бошад;
  • Командири қисми ҳарбӣ, агар шахс дар давраи адо намудани хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад.
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Ҷамоат, дар ҳолати истиқомат дар деҳот
  • Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маҳалли истиқомати охирини шахси фавтида, маҳалли вафот, маҳалли ёфта шудани ҷасади шахси фавтида ё дар маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳалнома оид ба муқаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст ?
  1. Аризаи хаттӣ дар бораи вафот аз ҷониби аризадиҳанда
  2. Шиносномаи шахси фавтида
  3. Чиптаи ҳарбӣ дар сурате, ки агар шахси фавтида хизматчии ҳарбӣ бошад
  4. Ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст
  5. Ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, дар ҳолати мурофиаи судӣ.

Шиносномаи шахси фавтида гирифта мешавад, аломат гузошта мешавад (рақами сабт, сана), мӯҳри мақомоти САҲШ гузошта мешавад. Шиноснома ва билети ҳарбии гирифта мешаванд ва тибқи рӯйхат ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳиявӣ супорида мешаванд.

Кадом мӯҳлати бақайдгирии вафот ва додани шаҳодатнома мавҷуд аст ?

Бақайдгирии вафот ва додани шаҳодатнома дар давоми се рӯз аз рӯзи додани ариза ба ҷо оварда мешавад. Шаҳоданомаи вафот ройгон дода мешавад

Ҳолатҳои дигар
  • Агар шахс дар қатора, ҳавопаймо ва ё дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар фавтида бошад, қайди давлатии вафот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар ҳудуди маҳалли аз воситаи нақлиёт фаровардани шахси вафоткарда ҷойгир шудааст, гузаронида шуда метавонад.
  • Дар вақти қайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод фақат ҳамон маълумоти барои қайд зарур навишта мешавад, ки дар хулосаи экспертизаи судии тиббӣ қайд шуда бошад.
РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
006878
Имрӯз : 24
Дирӯз : 66
Дар ин моҳ : 1101
Онлайн : 0
Тамос