Бақайдгирии давлатии иваз намудани ном, номи падар ва насаб ·
 

Бақайдгирии давлатии иваз намудани ном, номи падар ва насаб ·

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?
  • Шахси ба синни шонздаҳ расида
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомати шахсе, ки насаб/ном ва (ё) номи падари худро иваз кардан мехоҳад.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст ?
  1. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар
  2. Розигии хаттии аз тарафи падару модар/ ба фарзандӣ қабулкунандагон ва ё парастор нисбати шахсе, ки ба балоғат нарасидааст
  3. Шиносномаи аризадиҳанда
  4. Шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб/ном ва (ё) номи падарро дорад
  5. Шаҳодатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад*
  6. Нусхаи сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба онҳо бояд тағйирот ворид карда шавад.**

Барои муқаррар кардани дурустии маълумот мақомоти САҲШ инчунин маълумотнома аз ҷойи истиқомати аризадиҳанда, нусхаи диплом, нусхаҳои чиптаи ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирии ҳарбиро дархост карда метавонад.

*Эзоҳ

Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, агар аризадиҳанда бо сабаби бекор шудани ақди никоҳ гирифтани насаби пешазникоҳиашро талаб намояд.

** Эзоҳ

а. Шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони ноболиғи аризадиҳанда

б. Шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, ё шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате ки агар аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронида шуда бошад.

Дар кадом мӯҳлат бақайдгирии ивази ном/номи падар/насаб сурат мегирад ?

На дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза

Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ивази насаб/ном/номи падар

Агар аризадиҳанда ҳангоми додани ариза таҳти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор дорад ва ё доғи судиаш бардошта нашудааст, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хоҳиши аризадиҳандаро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар рад менамояд.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
009218
Имрӯз : 67
Дирӯз : 71
Дар ин моҳ : 2254
Онлайн : 0
Тамос