Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба балоғатрасида ·
 

Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба балоғатрасида ·

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?

Аризадиҳанда (шахси ба балоғатрасида)

Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Мақомоти САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо дар ҷойи истиқомати аризадиҳанда
  • Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст? ?
  1. Ариза аз ҷониби аризадиҳанда   
  2. Шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд (маълумотнома аз таваллудхона)*
  3. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат
  4. Маълумотнома аз бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуд ва бойгониҳои вилоят (Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ оид ба нусхаи дуюми нигоҳдории сабти аснод)
  5. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар барои ворид кардани маълумот дар бораи падар
  6. Нусхаи дутарафаи шиносномаҳои падару модар (яке аз онҳо). Дар сурати намунаи доштани кӯҳнаи шиноснома инчунин пешниҳод кардани нусхаи саҳифаи қайди ҷойи истиқомат зарур аст.

Барои муқаррар намудани эътиборнокӣ дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти САҲШ: а) иқтибос аз китоби хоҷагиҳои ҷамоат, б) маълумотнома аз ҷойи таҳсил, в) шаҳодатномаи бақайдгирии аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ додашударо талаб карда метавонад. Мақомоти САҲШ парвандаро омода мекунад ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҷойи истиқомати шаҳрванд барои санҷиши шахсият равона мекунад.

*Эзоҳ

  • Дар ҳолате, ки агар падару модар дар ақди никоҳи якдигар қарор надошта бошанд, санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ зарур аст
  • Дар сурати набудани ақди никоҳи бақайдгирифташуда ё муқарраркунии падарӣ пешниҳод кардани аризаи модар барои ворид кардани маълумот дар бораи падар зарур аст. Дар ин сурат насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад.
Кадом мӯҳлат барои бақайдгирии таваллуд ва додани шаҳодатнома мавҷуд аст ?

Дар давоми як моҳ ё бештар аз рӯзи додани ариза.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
006006
Имрӯз : 41
Дирӯз : 17
Дар ин моҳ : 606
Онлайн : 0
Тамос