Пешниҳоди ҳизматрасанӣ дар асоси «Равзанаи ягона»

Усули нави намуна (модел) бо унсурҳои «Равзанаи ягона» оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатии бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ тақсимоти кормандони бахшҳои САҲШ-ро ба кисматҳои «Фронт» (қабули аризаҳо) ва «Бэк» (иҷрои аризаҳо) бо истифодаи низоми электронии навбат, воридкунии маълумот ба низоми иттилоотии электронии САҲШ ва чопи шаҳодатномаҳо дар принтерҳои қолибӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳангоми чунин усул ҳар яке аз кормандон хусусиятҳои ҳар яке аз хизматрасониҳое, ки ба шаҳрвандон дар мақомоти САҲШ пешниҳод карда мешаванд, бояд донад, зеро намуна бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро дар асоси формула: як ҳуҷҷат – як корманд амалӣ мекунад. Бо шарофати консепсияи мазкур равандҳои пешниҳоди хизматрасонӣ барои аризадиҳанда ноаён боқӣ мемонанд.

Намунаи нави пешниҳоди хизматрасониҳо барои соддагардонии тартиботи гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва кӯтоҳкунии мӯҳлатҳои пешниҳоди онҳо равона карда шудааст.

Барномаи озмоишии мазкур дар давоми 2 сол дар шӯъбаҳои САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рӯдакӣ амал мекунад. Ҷоринамоии ин намунаи «Равзанаи ягона» оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои САҲШ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ инчунин ба нақша гирифта шудааст.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
026377
Имрӯз : 25
Дирӯз : 9
Дар ин моҳ : 177
Онлайн : 0
Тамос