Шӯъбаҳои ҳудудии САҲШ

Дар айни ҳол 68 шӯъбаҳо ва бахшҳои САҲШ, 2 Хонаҳои ақди никоҳ ва 3 шӯъбаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ амал мекунанд.

  • Шӯъбаҳои Раёсати АҲШ дар ҳар як минтақаи кишвар – ба нусхаи дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ворид мекунанд, баҳисобгирии ҷумҳуриявиро (картотекаро) дар асоси сабти аснод пеш мебаранд, дар асоси сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои/баҳисобгирии метрикӣ дар бойгонии электронӣ шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдорро (ба истиснои маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ) медиҳанд.
  • 68 бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳо – бақайдгирии давлатии 7 намуди асноди ҳолати шаҳрвандиро (таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, ивази насаб, ном ва номи падар) амалӣ мекунанд; сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандиро тағйир медиҳанд, пурра мекунанд, ислоҳ ва бекор мекунанд; сабтҳои гумшударо барқарор мекунанд; китобҳои сабтиро нигоҳ медоранд; шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдорро медиҳанд.
  • 2 хонаи ақди никоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд – бақайдгирии ақди никоҳро амалӣ мекунанд.
РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
025552
Имрӯз : 24
Дирӯз : 28
Дар ин моҳ : 392
Онлайн : 0
Тамос