Вебинар дар мавзӯи “Истифодаи платформаҳои пешрафтаи коммуникатсионӣ барои иттилоърасонӣ”

July 2, 2021by rahsh-adliya0

2 июл, дар доираи чорабиниҳо оид ба рушди саводнокии рақамӣ дар бахши САҲШ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи хизматрасониҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии БРСММ ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ барои мутахассисони пешбари идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мавзӯи “Истифодаи платформаҳои пешрафтаи коммуникатсионӣ барои иттилоърасонӣ” вебинари якрӯза ташкил намуд.

Дар вебинар ба кормандони идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ раванди эҷоди саҳифаи корпоративӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook – аз лаҳзаи бақайдгирии корбар дар шабакаи иҷтимоӣ то эҷоди постҳо ба намоиш гузошта шуда буд, инчунин тавсияҳо оид ба стандартикунонӣ ва нигоҳдории саҳифаҳо, бо мақсади беҳтар огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ва тағирот дар қонунгузории бахши САҲШ низ дода шуда буданд.

Дар охири чорабинӣ, иштирокчиёни вебинар як роҳнамоии видеоии қадам ба қадам дар бораи эҷоди саҳифаи кории Facebook ва инчунин дастурамалҳои матнӣ оид ба самаранок идора кардани шабакаи иҷтимоиро дарёфт намуданд.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
023306
Имрӯз : 10
Дирӯз : 48
Дар ин моҳ : 624
Онлайн : 0
Тамос