Кормандони шӯъбаҳои САҲШ бо мақсади додани шаҳодатномаҳои таваллуд ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷамоатҳо дидан мекунанд

August 30, 2021by rahsh-adliya0

Дар доираи барномаи миллӣ оид ба паст кардани шумораи ҳолатҳои ба қайд нагирифтан ё бақайдгирии дери таваллуд дар кишвар кормандони шӯъбаҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо бо мақсади пешниҳоди машваратҳо ва роҳнамоӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва инчунин додани шаҳодатномаҳои ройгони таваллуд ба оилаҳои аз ҳама осебпазири Тоҷикистон аз ҷамоатҳо дидан мекунанд.

Дар маҷмӯъ, бо дастгирии БРСММ ва Дафтари швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ бақайдгирии 800 нафар кӯдакони осебпазир асосан аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Баҳрагирандагони пешниҳоди шаҳодатномаҳои ройгони таваллуд оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қисми зиёди қарорҳоро дар оила мувофиқи нақшҳои гендерии анъанавӣ қабул мекунанд, оилаҳои дорои даромади паст, оилаҳои дорои кӯдакони маъюбиятдошта ва инчунин оилаҳои дар мавзеҳои дурдасти аҳолинишин истиқоматкунанда мебошанд.

Қисмати муҳими ташаббуси мазкур аз омӯзонидан ва пешниҳоди машварат ба котибони ҷамоатҳо ҳамчун бақайдгирандагони асосии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар деҳот ва инчунин кормандони тиббӣ иборат мебошад. Айни ҳол бештар аз 70% аҳолии Тоҷикистон берун аз шаҳр зиндагӣ мекунад ва махсусан муҳим аст, ки сокинони ноҳияҳои мазкур саривақт муроҷиат кунанд ва хизматрасониҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро дар ҷамоатҳои худ гиранд.

Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро баҳри баланд бардоштани сатҳи фарогирӣ бо бақайдгирии таваллуд дар саросари ҷумҳурӣ идома медиҳад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
025811
Имрӯз : 2
Дирӯз : 23
Дар ин моҳ : 275
Онлайн : 0
Тамос