Санаи 31 августи соли 2021 мутахассисони «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар омӯзиш доир ба омодакунии тренерон оид ба кор бо Низоми иттилоотии САҲШ (НИСАҲШ2) иштирок намуданд. Омӯзиш бо ташаббуси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ дар доираи Ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Курси омӯзишӣ аз супоришҳои амалӣ иборат буд ва ҳамаи намудҳои корро дар НИСАҲШ2, оғоз аз усулҳои пайвастшавӣ ба низоми электронӣ то ба пуркунӣ, захиракунӣ ва чопи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаҳо ва инчунин ташаккули ҳисоботҳо дар низоми иттилоотии САҲШ дар бар гирифт.
Дар анҷоми курс иштирокчиёни омӯзиш аз санҷиш гузаштанд ва барои омӯзонидани минбаъдаи кормандони САҲШ вобаста ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии кор бо Низоми иттилоотии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ роҳ дода шуданд.
Чунин чорабинии омӯзишӣ аллакай дар солҳои 2018 ва 2019 гузаронида шуда буд ва барои таълими иловагии бештар аз 300 нафар кормандони САҲШ оид ба асосҳои саводнокии компютерӣ ва кор бо Низоми иттилоотии САҲШ барои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ имкон фароҳам сохт.