Дар ноҳияи Дарвоз бинои нави Маркази адлия ба истифода дода шуд

October 21, 2021by rahsh-adliya0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд.

Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд. Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгу ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур масъулияти кормандонро дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бештар мекунад.

Акс ва мақола аз www.president.tj  гирифта шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
025552
Имрӯз : 24
Дирӯз : 28
Дар ин моҳ : 392
Онлайн : 0
Тамос