a. Мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомат
б. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ дар сурати истиқомат берун аз ҳудуди ҶТ.
а. Аризаи шахсони никоҳшаванда бо тасдиқи розигии муштарак барои бастани ақди никоҳ ва инчунин расидани онҳо ба синни никоҳӣ (18+)
б. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на камтар аз як соли охир, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор (ШРВБ) дода шудааст
в. Шиносномаи никоҳшавандагон
г. Аҳдномаи никоҳи басташуда
д. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бекор шудани ақди никоҳи аввала, агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар ақди никоҳи дигар бошанд (шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатномаи вафоти ҳамсар, ҳалномаи суд дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ)
е. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмӣ
ж. Ҳалномаи суд дар хусуси розигӣ додан барои бастани ақди никоҳ, дар сурате ки агар шахси никоҳшаванда ноболиғ аст.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои шаҳрванди хориҷӣ бояд ба забони давлатӣ тарҷума, дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ ва қонунӣ карда шаванд
Бақайдгирии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи пешниҳод кардани аризаи муштарак амалӣ карда мешавад. Шаҳодатномаи ақди никоҳ дар рӯзи бақайдгирии ақди никоҳ дода мешавад.
Дар сурати мавҷудияти ҳолатҳои махсус (ҳомиладорӣ, таваллуди кӯдак, беморӣ ва ғайра) ақди никоҳро бе пешниҳод кардани мӯҳлати якмоҳа бастан мумкин аст.
Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё берун аз он сурат гирифта метавонад.