Имзои аризаи шахси ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозирнашуда бояд дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шавад.
Дар ҳолате, ки агар шахсони никоҳшаванда (яке аз онҳо) бо сабаби беморӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда натавонанд, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хона, муассисаи тиббӣ ва ё дар дигар ташкилот дар ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.
Бақайдгирии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи пешниҳод кардани аризаи муштарак амалӣ карда мешавад. Шаҳодатномаи ақди никоҳ дар рӯзи бақайдгирии ақди никоҳ дода мешавад.
Дар сурати мавҷудияти ҳолатҳои махсус (ҳомиладорӣ, таваллуди кӯдак, беморӣ ва ғайра) ақди никоҳро бе пешниҳод кардани мӯҳлати якмоҳа бастан мумкин аст.
Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё берун аз он сурат гирифта метавонад.
Агар ақди никоҳ байни шахсони зерин баста шавад: