Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси ҳалномаи суд

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?
  • Падар ё модари кӯдак
  • Васӣ ё парастори кӯдак
  • Шахсе, ки дар нигоҳубини ӯ кӯдак қарор дорад
  • Кӯдаки ба балоғатрасида
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Ҷамоат дар сурати истиқомат дар деҳот ва агар кӯдаке, ки нисбат ба ӯ падарӣ муқаррар намуда мешавад, ба синни як нарасидааст
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомати падар ё модар, ё
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи бақайдгирии таваллуди кӯдак, ё
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи баровардани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё дар бораи муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст ?
  1. Аризаи аризадиҳанда дар бораи муқаррар намудани падарӣ
  2. Ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст
  3. Нусхаи дутарафаи шиносномаи аризадиҳанда. Дар сурати доштани намунаи кӯҳнаи шиноснома нусхаи саҳифаи қайди ҷойи истиқомат
  4. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак дар сурате, ки агар кӯдак ба ба қайд гирифта шудааст.
Кадом мӯҳлат барои бақайдгирии муқаррар намудани падарӣ ва додани шаҳодатнома мавҷуд аст ?

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модар дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад.

Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак дар алоқа бо муқаррар намудани падарӣ

Дар асоси сабти санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ тағйироти дахлдор ба сабти санад дар бораи таваллуди кӯдак ворид карда мешавад ва шаҳодатномаи нави таваллуд дода мешавад.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
021168
Имрӯз : 3
Дирӯз : 29
Дар ин моҳ : 230
Онлайн : 0
Тамос