Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдаке, ки дар давраи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?
  • Падари кӯдак, ки дар давраи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?
  • Ҷамоат дар сурати истиқомат дар деҳот ва агар кӯдаке, ки нисбат ба ӯ падарӣ муқаррар намуда мешавад, ба синни як нарасидааст
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи истиқомати падар, ё
  • Мақомоти САҲШ дар ҷойи бақайдгирии таваллуди кӯдак.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст ?
  1. Ариза аз ҷониби падари кӯдак*
  2. Нусхаи дутарафаи шиносномаи падар. Дар сурати доштани намунаи кӯҳнаи шиноснома инчунин пешниҳод кардани нусхаи саҳифаи қайди ҷойи истиқомат зарур аст
  3. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак
  4. Шаҳодатномаи вафоти модар, нусхаи ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани модар ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи модарӣ ва ё ҳалномаи суд дар бораи бедарак ғайбзада эътироф намудани модар ё ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилии ҷойи охирини истиқомати зан, ки ғайриимкон будани муқаррар намудани ҷойи зисти занро тасдиқ менамояд, дода шудааст
  5. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигии мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки аз тарафи ин мақомот дода шудааст, дар сурате, ки агар кӯдак ба балоғат нарасидааст
  6. Розигии хаттии кӯдак дар сурате, ки агар кӯдак ба балоғат расидааст.
Кадом мӯҳлат барои бақайдгирии муқаррар намудани падарӣ ва додани шаҳодатнома мавҷуд аст ?

Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модар дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад.

Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак дар алоқа бо муқаррар намудани падарӣ

Дар асоси сабти санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ тағйироти дахлдор ба сабти санад дар бораи таваллуди кӯдак ворид карда мешавад ва шаҳодатномаи нави таваллуд дода мешавад.

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
021167
Имрӯз : 1
Дирӯз : 29
Дар ин моҳ : 228
Онлайн : 0
Тамос