Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар

Кӣ барои хизматрасонӣ муроҷиат карда метавонад ?
  • Падару модар (яке аз онҳо)
  • Дар сурате, ки агар падару модар имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.
Ба куҷо барои хизматрасонӣ муроҷиат кардан мумкин аст ?

Бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модар ё яке аз онҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ бақайдгирии таваллуд дар ҷойи таваллуди кӯдак гузаронида мешавад.

Бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

  • Мақомоти САҲШ-и  шаҳру ноҳияҳо
  • Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст? ?
  1. Аризаи падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсони манфиатдор
  2. Шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуд (маълумотнома аз таваллудхона)*
  3. Нусхаи дутарафаи шиносномаҳои падару модар (яке аз онҳо). Дар сурати доштани намунаи кӯҳнаи шиноснома инчунин пешниҳод кардани нусхаи саҳифаи қайди ҷойи истиқомат зарур аст
  4. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ байни падару модар барои воридкунии маълумот дар бораи падар **
  5. Маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои кӯдак, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ҷойи истиқомат ва бойгонии мақомоти болоии САҲШ дода шудааст
  6. Маълумотнома аз маркази саломатӣ дар бораи вазъи саломатии кӯдак
  7. Маълумотнома аз ҷойи истиқомати кӯдак
  8. Маълумотнома аз муассисаи таҳсилоти умумӣ (дар сурате, ки агар кӯдак таҳсил мекунад).

*Эзоҳ:

  • Дар сурати рух додани таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ, ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан ёрии тиббӣ расонидааст ва ё модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ додааст;
  • Аризаи дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кӯмаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст;
  • Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуд ба ҷо оварда мешавад.

**Эзоҳ

  • Дар ҳолате, ки агар падару модар дар ақди никоҳи якдигар қарор надошта бошанд, санад дар бораи муқаррар намудани падарӣ зарур аст
  • Дар сурати набудани ақди никоҳи бақайдгирифташуда ё муқарраркунии падарӣ пешниҳод кардани аризаи модар барои ворид кардани маълумот дар бораи падар зарур аст. Дар ин сурат насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад.
Кадом мӯҳлат барои бақайдгирии таваллуд ва додани шаҳодатнома мавҷуд аст ?

аз 1 то 5 рӯзи корӣ

Риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

Падару модаре, ки аризаро дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мӯҳлати то се моҳ пешниҳод накардааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар хоҳад буд. (Қонуни ҶТ аз 26.03.09  №496)

РАҲШ ВА ҶТ
Истинодҳои муфид
Омор
021168
Имрӯз : 3
Дирӯз : 29
Дар ин моҳ : 230
Онлайн : 1
Тамос